24 Декабр 2013
Дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 55 метр партавафшонӣ хоҳад кард.
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов барои бунёди сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.
Сутунпояи Парчам 55 метр баландӣ дошта, он чун рамзи соҳибистиқлолии кишвар ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад.Бади гузоштани нома ба насли оянда ва санги асос иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ чорабинӣ бо собиқадорони меҳнат,шоиру нависандагон ва аҳли зиётёни вилоят суҳбати саимӣ анҷом дод. Роҳбари вилоят ҳини мулоқот бо онҳо , изҳор дошт, ки оянда дар ин минтақа Боғи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шафати он Боғи устод Рӯдакӣ бунёд карда мешавад. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки ин мавзеъ ба макони зебои истироҳатии шаҳрвандон табдил дода хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҶДММ «Суғдшаҳрофар» омода намуда, Идораи сохтмони асосии шаҳр сохтмони онро ба анҷом мерасонад.
Пешбинӣ мешавад,ки корҳои сохтмонӣ то нимаи аввали соли оянда ба анҷом расонда шуда,маблағи як миллион сомонӣ масраф хоҳад шуд