19 Декабр 2013
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати чорум баргузор гардид.
Баъди муаррифии сардори тозатаъини Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд полковник Эмин Ҷалилов иҷлосия ба кори худ шуруъ намуд.
Пас аз интихоби котиботи иҷлосия ва тасдиқи рӯзнома Раиси Маҷлиси вакилони халқ,Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар назди вакилон аз натиҷахои соҳаҳои шаҳр мухтасар малумот дод. Вакилони мардуми Азимҷон Ҷабборов Музаффар Атахонов ба музокира баромада, доири натиҷаҳои ба даст оварда изҳори назар намуданд.Аз рӯи масалаи дуюм сардори Нозироти андози шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Акбаров дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд баромад намуд.
Тибқи ин пешниҳод дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 1 январи соли оянда андоз аз воситаҳои нақлиёт мувофиқи боби 40 ва андоз аз замин, объектҳои ғайриманқул бошад мувофиқи боби 41 муқаррар карда мешавад. Ҳамчунин минбаъд меъёри андоз аз бизнеси бозӣ ва ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ тибқи коэффисентй муқаррар шуда, ситонда мешавад.
Мувофиқи рӯзномаи тасдиқгардида вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии № 19 Зулфия Ашурова доири фаъолияти вакилиаш ба намояндагони мардум, ҳисобот дод.
Раиси комисияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд,муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова дар бораи тағйир додани номи кӯчаи Мир ба номи Раҳим Ҷалил ва номгузори намудани мактаби санъати рақами№ 3 шаҳри Хуҷанд ба номи Наримон Каримов лоиҳаи қарорро пешниҳод намуд,ки аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ гардид.
Дар кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов ширкат намуда, ба масалаҳои пардохти саривақтии маблағи истифодаи қувваи барқ,фаъолияти идораи «Хуҷандобуканал», Идораи партовкашонӣ изҳори андеша намуда, аз масъулин даъват намуд,ки тамоми тадбирхои лозимаро барои сари вақт ва бо сифат таъмин намудани хизматрасонӣ ба аҳолиро андешанд.
Соли равон дар маркази вилоят 20 корхонаҳои нав ташкил карда шудаанд. Имрӯз бо назардошти супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли оянда ба соҳаи саноати сабук эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Бо тасдиқи Карорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр,даъвати чорум ба кори худ анҷом дод.