18 Декабр 2013
Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда ин навбат Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо сокинони ин маҳаллаи «Масҷиди савр» вохурӣ доир намуд. Дар суханронии ифтитоҳии худ Раҷаббой Каримов иттилоъ дод,ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 «Соли роҳҳои обод» эълон шудааст. Дар ҳамин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли ояндаро «Соли гулҳо» эълон намудааст. Маҳаллаи мазкур имруз бештар аз ҳама ниёз ба ободкорӣ ва таъмири роҳҳо дорад. Таи наздик 50 сол кучаҳои маҳалла таъмир нашудаанд.
Тибқи нақшаи соли оянда бояд кучаҳои ин маҳалла низ таъмир хоҳанд шуд.Раиси шаҳр ёдовар шуд,ки дар вохурии қаблӣ аз 12 муроҷиати сокинони ин маҳалла 7 тои он пурра ҳалли худро ёфтанд.
Сокинон ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири ба тартиб даровардани мавзеи истгоҳи нақлиётҳои байнишаҳрӣ, нуқтаҳои хизматрасонии савдо ва маишӣ, масалаи таъмири саҳни ҳавлии кудакистони № 5, сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ, нақлиёти мусофиркашонии сафархати 11 ва 29 ва таваллудхонаи вилоятӣ, ҳамчунин муаммои обёрии дарахтони кучаю гулгаштҳо саволу дархости худро пешниҳод намуданд. Раҷаббой Каримов аз раисони маҳалла бахши занон ва ҷавонон даъват намуд,ки бисёр аз масалаҳое,ки дар сатҳи маҳал ҳал мешаванд,бояд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ҳамеша аз вазъи сокинони маҳаллашон огоҳ бошанд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ниятқул Ҳаётов дар баромади худ аз аҳли нишаст даъват намуд,ки баҳри ободии кучаю маҳалли худ фаъолона саҳмгир бошанд,зеро ободии кишвар аз ободии маҳалли зист оғоз мешавад.
Вобаста ба масалаҳои аз ҷониби шаҳрвандон бардошта Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.