17 Декабр 2013
Дар маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо сокинони ин маҳалла баргузор шуд. Дар қисмати ифтитоҳӣ Раҷаббой Каримов доири дастоварди соли равон ба ҳозирон малумот дода ,қайд намуд,ки маҳаллаи мазкур дар корҳои ободонӣ созандагӣ дар шаҳр пешсаф аст. То имруз аз нисф зиёд кучаҳои маҳалла асфалтпуш шуда, қисмати дигари он соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 «Соли роҳҳои обод» эълон шудааст. Бинобар он тамоми кӯчаҳои маҳаллаи мазкур соли оянда аз таъмири капиталӣ бароварда мешаванд.
Ҳамзамон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли оянда «Соли гулҳо» муқаррар шудааст. Аз ҳозир корҳои омодагӣ ба он шуруъ шудааст. Ҳоло дар гармхонаҳо парвариши наздик 1 миллион дона гулҳои оришии лола, садбарг, канна ва ғайра идома дорад. Мавсими шинондани дарахтҳои сояафкан бошад, то санаи 1 марти соли оянда идома меёбад.
Бошандагони маҳалла доири масалаи насби зеристгоҳи иловаи иқтидораш 400 клвт, назорати сифати оби нушокӣ, маҳдудияти имконияти қабули кудакон ба боғчаи бачагонаи № 4 ва №7, дастрасии сертификати истифодаи замини сокинони кӯчаи «Истиқлол» ва дигар масалаҳои ҳалталаби маҳалла муроҷиат намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба роҳбарони сохтори марбута барои ҳалли масалаҳои зикргардида, муҳлат муқаррар намуд.
Сокинони маҳалла барои обод гаштани роҳҳои маҳалла оғози бунёди толори варзишӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №27,беҳтар намудани ваъи барқтаъминкунии маҳаллаи мазкур изҳори спосмандӣ намуданд.
Умуман ҳашт нафар сокинони маҳалла ба Раиси шаҳр бо дархост муроҷиат намуданд.
Вохурии навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд дар мактаби таҳсилоти умумии №16 бо сокинони маҳаллаи «Масҷиди савр» баргузор мегардад.