10 Декабр 2013
Суҳби имруз бо мақсади таъмини саривақтии пардохти истифодаи қувваи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо роҳбарият ва масъулини идораи Шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд. Дар оғоз сардори идораи Шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд Тӯра Атамов доири корҳои ба сомон расида дар ин самт малумот дод.
Тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд шуруъ аз моҳи декабр нақша-чорабинии кормандони соҳаи фуруш, назорат ва истифодаи қувваи барқ таҳия шудааст,ки мувофиқи он назорату бартараф намудани камбудиҳои истифодаи қувваи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаҳои маркази вилоят пешбинӣ шудааст.
«Имруз бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд қувваи барқ бе маҳдудият истифода бурда мешавад. Вобаста ба ин тибқи дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бояд ҳар як масъули ин соха бо аҳоли бобати корҳои фахмондадиҳии пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ ва сарфаи он чораҳои мушаххасро ба анҷом расонад. Хамаруза барои шаҳри Хуҷанд 2 миллиону 200 ҳазор киловатт соат қувваи барқ чун меъёр муқаррар шудааст. Танҳо истифодаи оқилона, пардохти саривақтии он метавонад имконияти дар фасли сармо бо барқи доимӣ таъмин будани аҳолию корхонаҳои маркази вилоятро бештар намояд» -таъкид намуд Раҷаббой Каримов. Дастур дода шуд,ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти кормандони соҳа дар самти номбурда ситоди мавсимии мусоидат ба фаъолияти идораи Барқи шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов ташкил карда шуда ҳамаруза ахбороти муфассал ба Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шавад.