10 Декабр 2013
Дар интиҳои ҳафта дар Гимназияи № 13 шаҳри Хуҷанд аксияи «Шаҳрамро тоза нигоҳ медорам» бо чорабинии бошукуҳ ҷамбаст карда шуд.
Давоми ҳафта шуруъ аз санаи 29 ноябр Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рафта дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзии он оиди тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр баромадҳои муфид карданд.
Дар доираи ин аксия шогирдону устодону муассисаҳои таълими умумии шаҳр атрофи мактаб, маҳаллаҳои зист, ҷӯйбору кӯча ва хиёбонҳоро тоза намуда, дар корҳои ободонӣ саҳми худро гузоштанд. Дар ин давра 14, 3 км ҷӯйбор тоза карда 10,5 тонна партов бароварда шуд.Ҷамъбасти аксия санаи 7 декабр дар Гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ҷамъбаст мактабҳои таҳсилоти миёнаи умуми №№ 8, 23, Гимназияи №13, 7 ва 12 аз иштирокчиёни фаъоли ин аксия ҳисобида шуданд. Онҳо бо вимпел ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.