09 Декабр 2013
Бахшида ба ёдбуди соҳибкорӣ варзида бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Обидҷон Усмонов дар Қасри варзиши маркази вилоят мусобиқаи сеҳарба-вазнбардорӣ дар 5 вазн байни ҷавонпаҳлавонони вилоят баргузор шуд.
Онро бо сухани муқаддимавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов зимни баромадаш аз иқдомҳои шоистаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар самти оммавӣ гардонидани варзиш ёдовар шуда, гуфт, ки бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои зиёди варзишӣ баргузор карда мешаванд. Чорабинии зикргардида, далели ин гуфтаҳост.
Баъдан мавсуф дар бораи ҳаёт ва фаъолияти соҳибкори варзида, зиндаёд Обидҷон Усмонов ҳарф зада гуфт, ки вай ба ҷавонии худ нигоҳ накарда тавассути соҳибкориаш тавонист дар фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ саҳми сазовор гузорад.
Баъди ба итмомрасии қисмати расмии чорабинӣ ҷавонпаҳлавонон дар вазнҳои худ баромад карда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Рустам Иванов (Чкалов) дар вазни 74 кг, Муҳаммадалӣ Қозиев (Исфара) 83 кг, Олимов Фирдавс (Исфара) 93 кг, Маъруф Рабиев (Хуҷанд ) 105 кг ва Одил Баротов (Чкалов) дар вазни аз 120 кг боло ғолиб омаданд. Онҳо бо Ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.