(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Қарори  Раиси шаҳри Хуҷанд.

Аз 15 11 2013                                                                  № 690

Дар бораи озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд»

ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр»


Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 24 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади тайёр кардани Нишони расмии шаҳр ва рӯзи шаҳр, муаррифии Хуҷанд ҳамчун шаҳри бостонии дорои гузаштаи бою рангин, анъанаҳои таърихию фарҳангии пурғановат, шинохти он ба сифати маркази маъмурии вилояти Суғд ва нақши сокинони шаҳр дар рушду нумӯи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилояту мамлакат, тарбияи ҳисси шаҳрдорӣ, ифтихор аз Ватан ва худшиносию худогоҳии миллӣ, қарор мекунам:

1. Озмун барои тайёр кардани лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» эълон карда шавад.

2. Низомномаи озмун, ҳайати комиссияи озмун ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2).

3. Шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳр вазифадор карда шаванд, ки иштироки фаъолонаи меъморон, рассомон, лоиҳакашон, муаррихон, адибон, аҳли фарҳангро ба озмун ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» таъмин намоянд.

4. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳр тавассути васоити ахбори умум дар бораи мақсадҳои баргузории озмун, моҳияти Нишони шаҳри Хуҷанд ва зарурати омода сохтани он, ҳамчунин шартҳои озмун ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» маводу барномаҳо омода намоянд.

5. Ба Раёсати молияи шаҳр супорида шавад, ки барои ҳавасамандгардонии ғолиби озмун аз ҳисоби даромади иловагии буҷети маҳаллӣ 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шавад.

7. Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12 апрели соли 2007, №203 «Дар бораи озмуни лоиҳаи «Рамзи шаҳри Хуҷанд» аз эътибор соқит дониста шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳр Бобоҷонова М.М. ва Абдуллоев Д.Ҷ. гузошта шавад.





Раиси шаҳр:                                 Р.Каримов





НИЗОМНОМАИ

озмуни «Нишони шаҳри Хуҷанд»


  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ


1.1. Озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияит давлатии шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.

1.2   Дар озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» меъморон,

ҳайкалтарошон, лоиҳакашон, рассомон, муаррихон,

бостоншиносон, аҳли илму фарҳанг новобаста аз синну    сол ва макони зист иштирок карда метавонанд.


2. ҲАДАФҲОИ АСОСӢ


2.1. Ҳадаф аз баргузории озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» тайёр кардани нишони расмии шаҳр, муаррифии Хуҷанд ҳамчун шаҳри бостонии дорои гузаштаи бою рангин, анъанаҳои таърихию фарҳангии пурғановат, шинохти он ба сифати маркази маъмурии вилояти Суғд ва як минтақаи ободу мутарақии Тоҷикистон соҳибистиқлол, нақши сокинони шаҳр дар рушду нумӯи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилояту мамлакат, тарбияи ҳисси шаҳрдорӣ, ифтихор аз Ватан, худшиносию худогоҳии миллӣ аст.


2.2. Ҷалби нерӯҳои эҷодӣ ва илмию фарҳангӣ ба тадқиқи таърихи қадимаи шаҳри Хуҷанд, анъанаҳои неки гузаштагон, инъикоси рушди ҳамаҷонибаи шаҳр дар аёми Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдат ва ҳамбастагии мардумон дар раванди созандагию бунёдкорӣ, ҳидояти онҳо ба саҳмгузорӣ дар шукуфоии шаҳру вилоят ва мамлакат, ғановати маънавии ҷомеа.

2.3.  Мусоидат ба камолоти эҷодии иштирокдорони озмун.


3. ШАРТҲОИ ОЗМУН


3.1. Лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» бояд ифодагари ҳисси баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муҳаббат ба зиндагӣ ва зебоиҳои табиат, эътимод ба фардои дурахшон, садоқат ба корномаҳои авлоду аҷдоди шарафманд, бозгӯи дирӯз, имрӯз ва фардои Хуҷанди бостону ҳамешаҷавон, рушду нумӯи он дар фазои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикосгари хусусияти хоси Хуҷанд бошад.

3.2. Ба озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» тасвирҳои ранга дар ҳаҷми 20 х 10 то 20 декабри соли 2013 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пешниҳод мегарданд, қабул карда мешаванд.

3.3 Барои ғолиби озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» мукофот ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва Дипломи «Ғолиби озмуни лоиҳаи Нишони шаҳри Хуҷанд» муқаррар карда шавад.


4. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН


4.1. Озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» дар ҷамъбасти соли 2013  ҷамъбаст карда мешавад.

4.2. Натиҷаи озмун тавассути рӯзномаи «Тирози Ҷаҳон» ва ширкатҳои телевизион ва радиои «СМ-1», «Азия» эълон карда мешавад.

4.3. Маросими супоридани мукофот ба ғолиби озмун ва мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ дар вазъияти тантанавӣ баргузор мегардад.



ҲАЙАТИ

комиссияи озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд»

ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр»


1.

Бобоҷонова М.М.

- муовини Раиси шаҳр, раиси комиссия;

2.

Абдуллоев Д.Ҷ.

– муовини Раиси шаҳр, муовини раиси комиссия;

3.

Самадова Б.З.

- Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, аъзо;

4.

Икромиддинов Ҷ.Н.

– мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва

робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳр; котиби комиссия;

 

 

 

АЪЗО:

 

5.

Ҷӯраева К.Я.

- мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,

6.

Қосимов Б.И.

– мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

7.

Шокиров М.Н.

– сардори идораи сохтмони асосии шаҳр;

8.

Ниёзов Х.Ҷ.

- мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

9.

Дадобоев М.М.

- роҳбари маркази иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

10.

А. Раҳматзод

- раиси шӯъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагон

11.

Воситзода М.

- сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»

12.

Хӯҷаева М.

- профессор,ноибректор оидба илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

13.

Ҷӯраев Ғ.

- устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

14.

Марофиев С.

- профессор, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

15.

Турсунов Н.

- профессор, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

16.

Файзуллоев М.

- устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

17.

Бойматов М.

– директори осорхонаи вилоятӣ

18.

Худойбердиев С.

- профессор, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ

19.

Исомаддинов Ҷ.

- устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

20.

Ҳасанов О.

- вакили маҷлиси шаҳрӣ;



Бобоҷонова М.М._________

Абдуллоев Д.Ҷ.___________

Самадова Б.З. ____________

Икромиддинов Ҷ.Н. _______

Саидов М.Р. _____________



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...