26 Октябр 2013
Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ТҶ МТИ «Кова», бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ, дарёфти хонандагони лаёқатманду боистеъдод, истифодаи комёбиҳои техникаи муосир, ташвиқи хонандагон дар интихоби касб озмуни шаҳрии «Компютердони беҳтарин»-ро дар пояи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 баргузор намуд.
Озмуни имсола барои хонандагони синфҳои 9,10,11 дар якҷоягӣ гузаронида шуд, яъне беҳтарин донандаи компютер муайян карда шуд. Дар озмун 45 нафар хонандагони синфҳои 9-11, ки дар давраи мактабӣ ғолиб омада буданд, иштирок намуданд.
Озмуни имсола аз озмунҳои солҳои қаблӣ аз он фарқ мекард, ки хонандагон ҳамаи супоришҳоро бо воситаи компютер ва Интернет иҷро карданд.
Он дар 2 давр: даври якум ба 24 саволҳои назариявӣ дар 30 дақиқа ва даври дуюм ба чор саволҳои амалӣ дар 15 дақиқа ҷавобро дар компютер иҷро намуданд. Дар натиҷа ғолиби озмун хонандаи синфи 11 МТҒ «Иршод» Тоҷибоев Иброҳим гардид. Ҷои дуюмро хонандагони М/Х «Рустамов Ю.Д.» Ибодуллоев Парвиз ва мактаби №8 Ҳомитов Шараф, ҷои сеюмро хонандагони мактабҳои №5,20,ЛИМТТ, литсейи физикӣ – математики №1, гимназияи Гёте ишғол намуданд. Ҳамаи ғолибон бо дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Дар ҷамъбасти озмун, ҳамчунин сомонаи интернетии МТМУ №5 ба ҳозирин муаррифӣ гардид. Ҳамзамон ба 8 роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, ки бо ТҶ МТИ «Кова» дар амалӣ намудани лоиҳаи «Мактаби электронӣ» ҳамкорӣ менамоянд, баҳри дастрас шудан ба шабакаи Интернет таҷҳизотҳои Wi-Max чун тӯҳфа аз тарафи роҳбарияти ин ташкилот дода шуд.