24 Октябр 2013
Бо мақсади таҳкими бештари сиёсати сармоягузорӣ дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо Роҳбари департаменти молиявии Оҷонсии Рушди Швесария Марк-Александр Граф ва менеҷери барномаҳои ташкилоти мазкур Николе Суҳнерро ба ҳузур пазируфт. Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд доири иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди густариштаҳкими робитаҳои иқтисодию байналхалқии кишвар малумот дод.
Меҳмонон зикр намуданд,ки онҳо маҳз дар шаҳри Хуҷанд амалишавии ин сиёсатро эҳсос менамоянд. Зеро он лоиҳахое,ки аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ шуда ва шарики онҳо - Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо онҳоро амаи менамояд аз ҷониби коршиносони ташкилот баҳои мусбии сазовор гирифтанд.Гузашта аз он, маҳз самараи татбиқи лоиҳаҳои онҳо дар шаҳри Хуҷанд имкон дод,ки ин таҷриба чун намунаи ибрат дар дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ истифода шавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов қайд намуд,ки ҳоло дар маркази вилоят имкониятҳои ҷолиби сармоягузорӣ дар самтҳои гуногун мавҷуд аст.
Намояндагони Оҷонсии Рушд ҳавасмандии худро доири лоиҳаҳои коркарди партови сахти маишӣ ва хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳор намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд,ки барои амалишавии лоиҳаҳои пешниҳодшуда гуруҳи корӣ заминаҳои амалисозии ин тарҳҳоро мемузанд ва барои татбиқи онҳо нақшаи кориро пешниҳод хоҳанд кард.