24 Октябр 2013
Тибқи дастури Президенти кишвар,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои бунёдкорӣ идома дорад. Баъди ба анҷом расидани қисми аввали кӯчаи Озодии маркази вилоят, имрӯз корҳои асфалтпӯш намудани қисмати дуюми кӯчаи мазкур шуруъ шуд. Сокинони маҳалла аз баҳои баланди сарвари давлат нисбати корҳои ободонӣ ва бунёдкории дар вилояти Сугд ба анҷом расида, илҳоми тоза гирифта,тасмим гирифтанд, кӯчаи зикргардидаро пурра асфалтпӯш намоянд. Раиси шахри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маросими шурӯи асфалтхобонии ин кӯча ширкат намуда,таъкид намуд,ки Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати беҳтар намудани вазъи кӯчаҳою маҳалҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят эътибори хоса медиҳанд.Дар ҳамин замина маҳз бо дастгирии хамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Коҳир Расулзода корҳои созандагию ободони идома ёфта истодаанд.
Пешбинӣ мешавад, ки ба муддати як ҳафта наздик 500 метри қисмати дуюми кӯча бояд бо сифати баланд асфалтпӯш гардад. Ҳамаи 40 хонаводаи кӯчаи мазкур тариқи ҳашар ба роҳсозон ёрӣ медиҳанд.
Маблағи умумии корҳои ба анҷом мерасида наздик 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.