17 Октябр 2013
Дар маҳаллаҳои Раззоқ ва Сари санг корҳои ободонии роҳҳо ба таври бояду шояд рафта истодааст. Вакили шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №1 Мансурҷон Каримов мумфарш шудани кӯчаҳоро таҳти назари худ қарор дода, корҳои басубутрасондаи кормандони ҶДММ «Суғдроҳ»-ро қабул мекунад.
-Масоҳати умумие, ки дар кӯчаҳои маҳаллаи Раззоқ бояд асфалт хобонда шавад, ҳамагӣ 6 километрро ташкил медиҳад, -иброз дошт М.Каримов.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба маҳаллаи Сари санг омада, ба ифтитоҳи мумфаршкунии хамгашти кӯчаҳои ба номи Зариф ва Солееҳ Раҷабовҳо ва Маҳмудҷон Исмоилов ширкат варзид.
Ва зимни суханронӣ аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр дар Қасри Арбоб ёдовар шуда, қайд кард, ки масъалаи мумфаршкунӣ яке аз масъалаҳои асосие мебошад, ки дар мадди назари роҳбарият қарор дорад.
Махсусан ба сокинони маҳалла, соҳибкорону саховатпешагон барои дастгириашон дар кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Хуҷанд оид ба асфалтпӯш кардани кӯчаҳои маҳалла арзи сипос намуда, гуфт, ки Раззоқ маҳаллаи фаъолтарини шаҳри Хуҷанд ба шумор рафта, то 4-5 ноябр ҳамаи кӯчаҳои маҳалла асфалтпӯш хоҳанд шуд. Дар ин кори хайру савоб саҳми арзандаи ҶДММ «Суғд-роҳ» махсус қайд гардид, зеро кормандони он рӯзе то 200 тонна асфалт ро ба замин мехобонанд.
Сарвари заводи ҶДММ «Суғд-роҳ» Раҳим Шарифов гуфт, ки рӯзе то 2000 метри мураббаъ заминро мумфарш карда, дар ин кор 20 нафар кормандонро ҷалб намудаанд.
Раиси кумитаи маҳаллаи Сари санг Мақсуд Бобоев, маҳаллаи Раззоқ Бахтиёр Fафуров, сокинони маҳалла собиқ омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27 Абдураҳмон Тоҷибоев, Абдураззоқ Охунов ва Раҳимҷон Наимов ба роҳбарони ҷумҳурӣ, махсусан Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов ҷиҳати дастгирӣ дар кори асфалтхобонӣ арзи сипоси аҳли сокинони маҳалларо расонида, дар ҳаққи эшон дуои хайр карданд.
Сипас, Раҷаббой Каримов ба оғози корҳои мумфаршкунӣ дар хамгашти кӯчаҳои зикргашта ифтитоҳ бахшид.