17 Октябр 2013
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Рохбари намояндагии Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо Ульф Хиндстром ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбати дустона ва самимӣ роҳбарияти бонк аз ҳамкории судманди муассисаҳои зертобеи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Айни замон аз ҷониби Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо лоиҳаи таъмини аҳолии шаҳри Хуҷанд бо оби нушокӣ бо идораи «Хуҷандобуканал» , бехтар намудани сифати хизматрасонии бо корхонаи «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» амалӣ мегардад.
Ульф Хиндстром ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов барои фароҳам овардани заминаи мусоид ва дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳа изҳори сипос намуда, қайд намуд,ки маҳз чунин мунсибат имкон медиҳад,ки минбаъд чанд лоихаи дигар дар самти коркарди партов таъмини шаҳри Хуҷанд бо нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамзамон идома додани марҳилаи савуми лоиҳаҳои амалишаванда , дастгирӣ ёбанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бобати сифатан беҳтар намудани лоиҳаҳои мазкур ва суръат бахшидан ба амалишавии марҳилаи савуми лоиҳахо таклифу пешниҳодҳо намуд. Аз ҷониби меҳмонон таклифҳои баёншуда ба хушнудӣ қабул гардиданд.