16 Октябр 2013
Чанде пеш ба қабули Раиси шаҳри Хуҷанд сокини шахр Абдураҳим Набиев ба хотири баёни изҳори сипос омада буд.
Абдураҳим Набиев 74 сол дошта, дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Хануз 70 сол кабл аз ин аз падараш Абдунабӣ Султонов, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта буд, хати сиёх меояд. У аз падараш хотирае надорад ва танхо аз модараш дар бораи падараш маълумот дорад. Ҳамаги як маротиба аз падараш хат омадааст ва онро модараш ҳар боре бо гиря ёдовар мешуд
Абдураҳим Набиев мегуяд, аз он рузе, ки худро шинохтам дар ҷустуҷуи қабри падар будам. Нусхи хати сиёҳро худам низ гирифта монда будам ва ду сол қабл аз ин онро гирифта, барои дарёфти қабри падар ба Комиссарияти Ҳарбӣ муроҷиат кардам.
Онхо маълумот доданд,ки қабри падари ман дар вилояти Воронежи федератсияи Руссия будааст.
Чун 150 сомонӣ нафақа мегирам, барои зиёрати қабри қиблагоҳам аз Мақомоти шаҳри Хуҷанд кумак хостам. Моҳи сентябр ба ман маблағ ҷудо шуд ва ба ман пас аз 70 сол мушарраф гардид, ки қабри падарро зиёрат намоям.
Абдураҳим Набиев баён медорад, ҳарчанд, ки аз падар дар синни 4 солагӣ маҳрум монда бошам ҳам дар охир оромгоҳашро пайдо карда, зиёрат намудам ва қарзи фарзандиамро ба ҷо овардам.
Ин орзуи ман бо шарофати дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода ва мусоидати Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Раҷаббой Каримов амалӣ гашт. Ман бо аҳли фарзандонам ҳамеша дуогуи онҳо ҳастем.