05 Октябр 2013
Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-Рузи забони давлатӣ, иди касбии омузгорон ва Рузи кишоварзӣ мутантан таҷлил гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов шаҳрвадон ва ҳозиринро бо идҳои фархунда табрик намуд. Ҳамасола санаи 5 октябр дар саросари кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол Рузи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст забони тоҷикиро поку беолоиш нигоҳ дорад. Боиси ифтихор ва сарбаландистки чорабинии имруза ба муносибати Рузи гиромидошти омузгор, Рузи забони давлатӣ ва Рузи кишоварзон дар рузҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарифи вилояти Суғд ва шаҳри азизамон аз сафари кории Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилоят ва ифтитоҳи чандин корхонаҳои нав руҳу илҳоми тоза барои корҳои ободонӣ ва созандагӣ гирифтанд.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов суханҳои табрикотии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро ба самъи ҳозирон расонд. Бадан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо ҳамроҳии муовини Раиси вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов аз ярмаркаи фуруши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Дар ин ҷо кишоварзони ноҳияҳои Б. Ғафуров, Исторавшан, Агентии захираҳои давлатӣ ва идораи Тоҷикматлубот зиёда аз 260 тонна маҳсулот пешкаш намуданд. Раиси шаҳр аз фурушандагон талаб намуд,ки ба сифати маҳсулот ва нархи он эътибори ҷиддӣ диҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки чунин намоиш-фуруши маҳсулоти ниёзи мардум дар маҳаллаҳои 20-ум ва 12-уми маркази вилоят ташкил гардид, ки Раҷаббой Каримов ва Аҳмадҷон Қобилов аз ин рафти корӣ ташкилӣ ва хизматрасонии ин намоиш-фуруш дидан намуданд. Лозим ба ёдоварист ки дар маҳаллаи 20-ум деҳқонони ноҳияҳои Конибодом ва Ғончӣ 97,3 тонна ва дар маҳаллаи 12-ум бошад кишоварзони ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод 22,9 тонна маводи гуногунро бо нархи то 20 фоизи арзон аз бозорҳои маркази вилоят ба фуруш бароварданд.