03 Октябр 2013
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Зафаробод боздиди корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар Қоҳир Расулзода ба корҳои саҳроӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, бо рафти ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқони ноҳия шинос шуд. Тибқи дурнамои солона кишоварзони ин ноҳия тасмим гирифтаанд, ки 20 ҳазору 400 тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намоянд. Соли ҷорӣ барои беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед ба ноҳияи Зафаробод 4 ҳазор нафар ҳашарчиён аз шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Ғончӣ ва Шаҳристон сафарбар карда шуданд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба хоҷагии деҳқонии «Даҳкат» ташриф овард.
Дар ин хоҷагӣ кормандони соҳаи тандурустӣ аз муасисаҳои тиббӣ шаҳри Хуҷанд зиёда аз 10 рӯз инҷониб бо ғунучини пахта машғул буданд. Раиси вилоят ҳини сӯҳбату мулоқот бо чинакчиёну ҳашарчиён истифодаи самаранок аз боду ҳавои мусоидро хотирнишон намуда, изҳори боварӣ намуд, кикишоварзони меҳнатқарини зафарободӣ бо кӯмаки дастгирии ҳашарчиён дурнамои солонаро ба иҷро мерасонанд.
Рӯзҳои истироҳат бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чиниакчиёни ихтиёрӣ ба ин ноҳияи пахтакор сафарбар карда мешаванд. Рӯзи шанбеи гузашта гурӯҳи калони ҳашарчиён иборат аз олимону нависандагон, намояндаҳои аҳли фарҳанг, соҳибкорон, коркунони бозор ва занҳои фаъоли шаҳр, зиёда аз 450 нафар барои ҷамъоварӣ намудани ҳосили дастранҷи деҳқон пахта ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Зафаробод омаданд. Ҳашарчиён пахтазорро ба майдони корзор табдил додаанд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҳашарчиёнро барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнидаи деҳқон бо истифода аз ҳар як рӯзи офтобӣ, даъват намуд.
Ҳашарчиёни шаҳри Хуҷанд ин даъвати роҳбари вилоятро сармашқи кори хеш ҳисобида бо як илҳоми тоза дар пахтазор пахта мечиданд. Дар саҳро намояндагони аҳли фарҳанг бо суруд ба ҳашарчиён неруи илҳоми тоза мебахшиданд.
Сипас Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба Асосиатсияи хоҷагии деҳқонии Зафар ташриф овард. Дар он ба майдони зиёда аз 52 гектар пахта кишт карда шудааст. Дар хоҷагии мазкур коркунони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба кӯмаки пахтакорон ҳозир шуда буданд. Коркунони маорифи шаҳри Хуҷанд зиёда аз 10 рӯз инҷониб дар хоҷагӣ бо ҷамъоварии пахта машғул буданд. Раиси вилоят дар сӯҳбат бо ҳашарчиён аз шароити меҳнат дар саҳро таъминот бо маводи хӯрока ва пардохти маблағи чиниши пахта пурсон шуд. Дар майдонҳои пахтазори ноҳияи Зафаробод алҳол аз шаҳри Хуҷанд зиёда аз 1250 нафар ҳашарчиён ба кӯмакидоимӣ ва дар дигар рӯзҳо боз 450 нафар чинакчиёнии ловагӣ ҷалб карда шуданд, ки то имрӯз зиёда аз 600 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда,ба хирмани«Тиллои сафед» саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар интиҳои сафар Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба бошишгоҳи саҳроӣ ташрифовард. Дар бошигоҳ ҳашарчиёни шаҳри Хуҷанд барои истироҳати нисфирузӣ ҷамъ омада буданд.
Раиси вилоят дар назди ҳозирин баромад намуда, барои дастгирии пахтакорони ноҳияи Зафаробод ба ҳашарчиён арзи сипос намуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ меҳнати чинакчиёни пешқадам бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси вилоят қадршиносӣ карда шуд.
Аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд барои болидахотирии ҳашарчиён бо суруду оҳангҳои дилнишин ҳунарнамоӣ намуданд.