26 Сентябр 2013
Мумфаршкунии кучаҳои шаҳри Хуҷанд идома дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташаббуси сокинон 160 метр кучаи Озодии маркази вилоят мумфарш хоҳад шуд. Ҳаҷми умумии кор бошад, наздик 1500 метри квадратиро ташкил медиҳад. Дар расми ифтитоҳи ин кори ободонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ширкат намуда ,дар якҷоягии пирони маҳалла ва кучаи мазкур ба масофаи аввалини роҳ асфалт хобонданд. Сипас Раҷаббой Каримов бо сокинони кучаи мазкур суҳбати самимӣ доир намуд. Ҳозирон аз ҳидояти ҳамешагии Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон доири корҳои ободӣ ва беҳдошти зиндагии мардум изҳори сипосмандӣ намуда, қаноатманд аз он шуданд, ки маҳз амалӣ намудани ин сиёсат аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода мардуми вилоят ва шаҳри Хуҷанд ҳамешагӣ эҳсос менамоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки боз чанд кучаҳои аҳолинишини маркази вилоят мумфарш карда хоҳанд шуд,ки бешак ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам хоҳад шуд.