20 Декабр 2017
Дар спартакиада зиёда аз 140 сарбозон фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа ҷои якум насиби Баталиони 1-ум гардида, ҷои дуюмро ротаи Техникаи таъминоти техникии ҷангӣ ва мақоми сеюмро Баталиони 2 –ба даст оварданд. Дар ҷамъбасти спартакиадаи мазкур, ки дар қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд, сардори бахши ҷавононва варзиши Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатаии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва қумондони қисми ҳарбии 3501 полковник Насриддин Умарзода иштирок ва баромад намуданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби сарбозон ва афсарон намоиши машқҳои тан ба тан, пайраҳадории қисми ҳарбиро бо фаъолнокӣ ва маҳорати баланди касбӣ ба маърази тамошо гузоштанд. Дар охир ғолибони спартакиада бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории спартакиада баланд бардоштани малакаи варзишии сарбозон, ҷалби васеи онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни сарбозони қисми ҳарбӣ ва дар ин замина пешгирии онҳо аз ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд