(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот карданд.

Нахуст дар намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти сохтмонии корхонаҳо шинос шуда, зимни суҳбат бо намояндагони ширкатҳо онҳоро ба  истеҳсоли молҳои босифати рақобатпазир ва воридотивазкунанда ҳидоят намуданд.

Саноатчиён ва соҳибкорони муваффақи вилоят молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла намунаи фаршҳои рангаву пурнақшу нигор, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ашёҳои мухталифи кандакоришуда, сутуну тахтасангҳои мармарӣ, хиштҳои ороишии аз сангҳои нодири Тоҷикистон омодашуда, чароғҳо, рангҳои сохтмонӣ, нақшу нигори аз гаҷ сохташударо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш карданд.

Мавриди зикр аст, ки сокинони вилояти Суғд бо ҳунарҳои қадимаи хеш на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷ маъруф ҳастанд. Имрӯзҳо маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва муъҷизаофар дар тамоми намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба маъраз гузошта мешавад ва дар дохилу хориҷ харидорони зиёд доранд.

Ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони вилояти Суғд бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва дастгириҳои арзишманди Пешвои миллат дар роҳи рушди бахши хусусӣ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис додаанд.

Хурсандибахш аст, ки фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд низ ба талаботи рӯз ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгу мебошад.

Соҳибкорони вилоят иқдом гирифтаанд, ки минбаъд низ бо васеъ кардани иқтидору имконияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва бунёди коргоҳҳои нав баҳри пешрафти иқтисодиёти вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.

Пас аз тамошои намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои мухталифи саноатии вилоят Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, коргарону устоҳои чирадаст, ки дар азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоштаанд, мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз номи худ ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сохтмончиён, ки бо меҳнати арзанда ва шоистаи таҳсину офарин, Боғи устод Айниро аз  нав эҳё карданд, изҳори сипоси бепоён намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба сохтмончиёни вилоят ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шоҳҷоиза ва туҳфаи пулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии бунёду азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид. Аз руйи натиҷаи озмун ҷойи аввал ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мансуб дониста шуд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар саҳми муносиби сохтмончиёнро дар ободу зебо гардонидани як гушаи пойтахт ёдовар шуда, ба онҳо саодату сарбаландӣ орзу кардданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...