09 Ноябр 2017
Баъди ворид намудани Парчами миллӣ ба толори театр ва садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кормандони мақомоти корҳои дохиларо бо иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст. Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд.
Ба таъбири Раиси шаҳр «Ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мегардад».
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз хизматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон тавсиф намуда, таъкид сохт, ки «Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Аз даврони ташкилёбии он дар тӯли ин солҳо ба ӯҳдаи ин кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои басо мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Дар шаҳри Хуҷанд низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд».
Маъруф Муҳаммадзода кормандони милитсияро фидоии давлату миллат арзёбӣ намуда, аз ҷоннисориҳои эшон ёдоварӣ карда гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд низ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории тоҷикон ҳиссаи арзандаи худро гузошта, 26 нафари онҳо ҷони азизи худро нисор намудаанд, ки номи онҳо дар таърихи милитсияи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Ёди ин абармардони шаҳид ҳамеша ҷовидон дар дилу дидаи мардум боқӣ хоҳад монд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар поёни суханронии шодбошии худ ба муносибати Рӯзи милитсия изҳори умедворӣ намуд, ки аз хизматчиёни қаторӣ то афсарони баландрутба минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд ба 16 нафар кормандони фаъоли милитсияи шаҳр Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин тибқи фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РКД –и вилояти Суғд ва ШКД-и шаҳри Хуҷанд ба 271 нафар кормандони милитсия ифтихорномаву тӯҳфа ва маблағҳои пулӣ, ба 20 нафар собиқадорон ва 15 нафар оилаҳои собиқ кормандони милитсия тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Бо фармоиши сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба як қатор кормандони фарҳанг низ Сипосномаҳо супорида шуд.
Барномаи фарҳангии фарогири сурудҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд