09 Ноябр 2017
Ин бозии даври охирини мусобиқоти гурӯҳи “В” шоми чоршанбеи 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ба поён расид. Голи ягонаро пас аз ҳуҷуми футболбозони тоҷик Дилшод Саитов, бозигари мунтахаби Узбакистон, дар дақиқаи 53-юм ба дарвозаи дастааш зад.
Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ ёфтанд. Дар бозии дигари мусобиқоти гурӯҳи “В”, ки 8-уми ноябр дар ин варзишгоҳ баргузор шуд, мунтахаби Бангладеш бар тими Шри-Ланка бо ҳисоби 4:0 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳар чор гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ду голро Маҳбуб Раҳмон ба самар расонид. Ғош Бишванат ва Риёдул Ҳасан якголӣ заданд.
Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 роҳ ёфт.
Дастаи Узбакистон бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Тими Бангладеш бо 7 имтиёз ҷойи севумро азони худ кард. Дастаҳои Молдив ва Шри-Ланка бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шуданд.
Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Индонезия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ ёфтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд