(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Гузориш аз маҷлиси фаъолони шаҳрКорро бояд ҷоннок намуд

Пас аз анҷоми Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум дар толори Маркази фарҳанг маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар рӯзномаи он танҳо як масъала, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли 2013-ум гузошта шуда, мавриди гуфтушунид қарор мегирад.

Доир ба вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар моҳҳои январ-июни соли равон муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов гузориш дод. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2013-ум корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 190 миллиону 525 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 12,9 фоиз зиёд аст.

 

Аз 85 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда 68 корхона (80 фоиз) нисбат ба сатҳи соли гузашта бештар маҳсулот истеҳсол карданд. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулот дар ҶДММ КМ «Силкоат Бойя» - 3,7 баробар, ҶДММ «7 ганҷ» -2,6 баробар, ҶДММ «Неку Хуҷанд» - 2,2 баробар ва ҶДММ «Сатн» 188,8 фоиз зиёд шуд.

16 корхона (18,8 фоиз) аз дараҷаи соли гузашта кам маҳсулот  истеҳсол намудаанд. Аз он ҷумла, КВДИ матбааҳои вилояти Суғд  - 64,9 фоиз, ҶДММ «Сарэй» - 54,8 фоиз, ҶДММ «ММК» - 54,7 фоиз, ҶСП «Сомон Суғд» - 45 фоиз, ҶДММ «Андеша» - 32 фоиз, ҶДММ КМ «Хуҷанд – Пакиҷинг»-16,9 фоиз, корхонаи нобиноён – 12,9 фоиз ва ҶДММ КМ «ВТ Силк» – 3,5 фоиз.

Дар ин давра 1 корхона (1,2 фоиз) кор накард: ҶС «Сирандуд».

Ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолкардаи шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҳаҷми маҳсулоти саноати истеҳсолкардаи вилояти Суғд 10,5 фоизро ташкил медиҳад.

Гузориш аз маҷлиси фаъолони шаҳр


Сармоягузории ба сохтмони асосӣ, гуфт дар идомаи баромадаш Маҳмадӣ Давлатов,- аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 91 миллиону 688 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба сатҳи январ-июни соли 2012-ум 37 миллиону 837 ҳазор сомонӣ зиёд  аст.

Ҳаҷми асосии корҳои иҷрошуда аз ҳисоби маблағи буҷетӣ ба 66 миллиону 271 ҳазор сомонӣ расид, ки аз он аз тарафи МКС-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба андозаи 3 миллиону 758 ҳазор сомонӣ, Идораи сохтмони вилояти Суғд 52 миллиону 109 ҳазор сомонӣ, Идораи сохтмони шаҳри Хуҷанд 2 миллиону 28 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2013 бо нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият 800 ҳазор тонна бор кашонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 15,5 фоиз зиёд мебошад.

Бахусус, бо нақлиёти автобус 9,5 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 фоиз кам аст.

Мувофиқи маълумоти Раёсати молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қисми даромади буҷети умумӣ ба 1 июли соли 2013 ба андозаи 107,6 фоизи нақша иҷро гардида, 89 миллиону 881  ҳазор сомониро ташкил кард.

Аз 11 намуди буҷети умумии дар нақша пешбинишуда 2 намуд    иҷро нашуд: аксизҳо - 165,9 ҳазор сомонӣ ва андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ - 211,4 ҳазор сомонӣ.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 109,4 фоизи нақша иҷро гардида, 35 миллиону 847 ҳазор сомониро ташкил кард.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра 30 миллиону 387 ҳазор сомонӣ ё худ 104,5 фоиз нисбат ба нақша иҷро шуд.

М.Давлатов дар идомаи суханаш зикр намуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2013 мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и дар шаҳри Хуҷанд 1925 нафар кўдаки навзод ва 564 нафар фавт, аз он ҷумла 120 нафар кўдакони то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтааст.

Шумораи никоҳҳои бақайдгирифташуда дар ин муддат 694 ададро ташкил кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  1,6  фоиз ё ба  11 адад кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра шумораи талоқҳои ҳуҷҷатишуда 160 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 16,6 фоиз ё ба 32 адад кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд 405 ҷиноят ба қайд гирифта шуд.

Ҳодисаи дуздӣ 111 адад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,6 фоиз кам мебошад. Дуздии амволи хона 15 адад, ки нисбат ба соли гузашта 23 адад ё 60,5 фоиз кам шуд.

Баъд аз шунидани ҳисобот, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ашхоси масъулро мавриди бозпурсӣ қарор дод. Доир ба натиҷаи фаъолияти соҳоти хеш дар нимсолаи аввали соли 2013-ум назди ҳозирин мудири шӯъбаи маҳаллаҳои МИҲД-и шаҳр Сайфуллохон Ҳабибуллоев, мудири бахши кор бо занон ва оила

Гузориш аз маҷлиси фаъолони шаҳр

Муҳайёхон Дадобоева, мудири шӯъбаи маориф Акрам Аслонов, мудири шӯъбаи нақлиёт ва алоқа Fафурҷон Дадоҷонов, раиси Кумитаи заминсозии шаҳр Хӯҷабой Ҳайдаров, мудири бахши нигаҳдории тандурустӣ Абдумуталим Каримов ва Сардори КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр» Абдурасул Каримов ҳисобот дода, аз ҷониби Раиси шаҳр муваззаф гардиданд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин камбудиву норасиҳоро бартараф намоянд.

Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов баромад карда, оид ба дастовардҳои назаррас дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, саҳми шаҳрвандон дар корҳои ободониву созандагӣ ибрози ақида намуд. Ҳамзамон, баҳри рафъи камбудиҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар фарҷом Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сухан карда, вазифаву супоришҳоро барои нимсолаи дуюми соли равон мушаххас кард ва роҳбарону сарварони шӯъбаву бахшҳо ва корхонаву муассисаҳоро ба меҳнати созандаву софдилона баҳри нафъи мардум ва Ватани азиз даъват намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...