(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ободии шаҳр мароми мост!

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, мудирони шӯъбаҳо, сарварони макотиби олию миёна, беморхонаю дармонгоҳҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, кормандони васоити ахбори омма ва фаъолони дигар иштирок карданд.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз гардид ва сипас, ҳисоботи муовини Раиси шаҳр Аюбҷон Раҳматзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр дар соли 2017 шунида шуд. Аюбҷон Раҳматзода дар маърӯзаи худ зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ҳамзамон, аз бурду бохти соҳаи саноат дар заминаи маълумотӣ оморӣ ибрози назар кард. Баъдан, мудири шӯъбаи иқтисод ва савдо Олимзода Усмон Собирӣ ва сардори Раёсати андоз Мунаввар Раҷабов аз ҷониби Раиси шаҳр ва муовини Раиси вилоят оид ба 4 намуди андози иҷронашуда пурсида шуданд. Баъди суолу ҷавоб атрофи масъалаи мазкур аз ҷониби шаҳрдор дастур дода шуд, ки то давраи ҳисоботи нӯҳмоҳа тамоми намуди андозҳо бояд ба пуррагӣ иҷро гарданд. Ҳамзамон дар рафти маҷлис вазъи нархи наво дар бозорҳои шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳор дошт, ки ин масъала мардуми шаҳрро ба ташвиш овардааст. Аз ҷумла боло рафтани нархи меваҷот, сабзавот ва гӯшт ба назар мерасад, зикр намуд шаҳрдор.  Дар ин хусус мудири  шӯъбаи иқтисод ва савдо ва  роҳбарони бозорҳои шаҳр  вазифадор гардиданд, ки барои ба низом даровардани нархи наво дар бозор корбариро пурзӯр намоянд. {амзамон ба тозаву озода нигоҳ доштани дохилу атрофи бозор ва аз назар гузаронидани сифати маҳсулоти шириву гӯштӣ ба масъулин таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, бо мудири шӯъбаи саноат Мӯъминҷон Муҳаммадҷонзода оид ба дастовардҳо ва камбудии соҳаи саноат муколама сурат гирифт. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба мудири шӯъбаи саноат оид ба сабабҳои кам шудани шумораи корхонаҳои саноатии  шаҳр, пурсиш ба амал оварданд.  Дар натиҷа ба мудири шӯъба дастур дода шуд, ки вазъи ба амаломадаро амиқ таҳлил намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳо чора ҷӯяд.
Мудири шӯъбаи маориф Илҳом Султонӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, сармеъмори шаҳр Абдумубин  Исоев, сардори  идораи замин  Абдухалил Ёрматов, директори Коргоҳи истифодабарии  роҳҳои шаҳр  Салимҷон Юнусов  ва дигар сохторҳо аз фаъолияти худ маълумот дода, ба саволҳои Раиси шаҳр ва муовини Раиси вилоят ҷавоб доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз дастовардҳо ва камбудиҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сухан намуда, ба тамоми сохторҳо дастуру супоришоти мушаххас дод. Дар ин радиф таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд пайваста дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода баҳри ободиву пешравии Ватани маҳбуб тамоми қувваю малакаи худро равона хоҳанд намуд.
Дар анҷоми маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ қайд намуд, ки барои пешравии кор ва расидан ба ҳадафҳои асосӣ бояд аз ғамхории роҳбарияти кишвар ва вилоят фаровон истифода намуд.  Зеро имрӯз шароти мусоид  баҳри ободтару зеботар гардидани шаҳри Хуҷанд  фароҳам омада, танҳо бо меҳнати софдилона ва муттаҳидӣ ба мақсади асосӣ расидан мумкин аст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...