(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тамошои барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғд ба Кохи фарҳанги «Суғдиён» ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони этиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар назди ин кохи муҳташам қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.
Кохи «Суғдиён», ки соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, барои аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Суғд дастоварди беназир ба ҳисобо меравад. Шуруъ аз рӯзҳои аввали фаъолият дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» ба таъсиси ансамблҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои навозандагию овозхонӣ ва тамоми намуди рақс таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Натиҷа ҳамин аст, ки бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ин муассисаи фарҳангӣ панҷ дастаи ҳунарӣ:- ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет таъсис дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба фарҳанг озмун ташкил карда шуда, наврасону ҷавонони соҳибистеъдод аз синни 14 то 27 сола аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба кор қабул гардиданд.
Айни замон дар панҷ ансабли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» 238 нафар, ки бештари онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.
Барномаи мукаммали консертӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин арзёбӣ гардид, аз ҷониби ҳунармандони панҷ ансамбли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» бе истифодаи фонограмма ё худ ба таври зинда манзури иштирокдорон карда шуд.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои наврасону ҷавонони соҳибистеъдод, ки имрӯз маҳорати худро дар бахшҳои овозхонию навозандагӣ ва рақс нишон доданд, баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар рушду нумӯи ояндаи санъати миллӣ ва муосири тоҷик муҳим маънидод намуданд.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...