(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Армуғонҳои маҳфили “Ганҷи сухан”Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби тозанашри “Чеҳраҳои мондагор” менависанд, ки “Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корнамоиҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем.” Ин дафъа нишасти 145-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” таҳти ҳамин дастури Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи парчам ва солгарди мавлуди асосогузори маҳфил донишманди маъруфи тоҷик шодравон Абдулманнон Насриддин, дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки донишмандани маъруф, адибони номвар, омӯзгорон,донишҷӯён ва афроди суханпарвару фарҳангдӯст баргузор шуд. Армуғонҳои маҳфили “Ганҷи сухан” Сараввал бо чанд  паёми фараҳбахш масъули маҳфил, номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов ба нишасти навбатӣ ифтитоҳ бахшид. Аз ҷумла аз муҳимтарин рӯйдоҳои як моҳи охир дар ҳаёти аҳли кишвар ёд карда, бунёди сарбанди дарёи Вахш ва оғози корҳои бунёдии Нерӯгоҳи барқии обиро  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат,Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон, Рӯзи конститутсияро аз ишонаҳои олии ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон ном бурд. Ҳамзамон баргузории конфренсияи  байналмилалии  “Камоли Хуҷандӣ ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ”-ро, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии вилоят таъсири бузурге расонид аз дастовардҳои илми тоҷик хонд. Дар партави ин ҷашнҳои бузург дарҷи китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Чеҳраҳои мондагор”  барои олимону адибон ва кулли мардуми тоҷик армуғони бузурги идона маҳсуб мешавад. Саидумрон Саидов илова кард, ки вобаста ба ин ҷашну маъракаҳои фараҳбахш маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” низ армуғонҳои худро барои аҳли илму адаб пешниҳод кард. Аз ҷумла шумораи аввалини фаслномаи “Ганҷи сухан “ интишор шуд , ки минбаъд дар инъикоси осори илмиву адабӣ ва фарҳангӣ саҳми худро мегузорад. Ҳамчунини як китоби нав дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони “Хваканта –Хуҷанд” нашр гардид, ки мақолаҳои илмиву публистистиро дар бораи таърих ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд фаро мегирад.
Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ баромад карда, дар мавриди фазои илмиву адабии имрӯза ва таъсири маҳфили “Ганҷи сухан” ба ин раванд изҳори назар намуд. Таҳти унвони ”Чароғи рӯшани илму адаб мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, номзади илмҳои филология, дотсент Тоҷибой Султонзода баромад карда, паёми Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба унвони ҳозирин расонид. Ӯ дар мавриди дар сатҳи баланд баргузор шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба Рӯзи парчами миллӣ ибрози назар намуд. Баргузории маҳфилро, ки дар густариши ҳаёти маънавии ҷомеа нақши бориз дорад  ва дар тарбияии ахлоқии ҷавонон саҳми беназир мегузорад муҳим ва муфид шуморид. Китобҳои тозанашрро дар бахши “Навгонињои илмиву адабӣ ва фарњангї” муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Башорат Алиева муаррифӣ кард. Ба ҳозирин  маърӯзаи мудири шӯъбаи табъу нашри ДДҲБСТ, номзади илмҳои филология, дотсент Ислом Раҳимов бахшида ба Рӯзи Парчам, “ Аз Дирафши Каён то Парчами Тоҷикистон” писанд омад. Ӯ дар маърӯзааш оид ба таърихи пайдоиши парчам, мазмун ва мундариҷаи он дар даврони мухталиф, моҳияти парчам, назари олимон дар бораи ин муқаддасот муфассал суханронӣ карда, ба ҳозирин санаду далелҳои нави таърихиро баён кард.
Дар маърӯзаи хеш номзади илмҳои филология, дотсент Ҳалимҷон Зоиров “Назаре ба “Куллиёти осор”- и устод Абдулманнон Насриддин  дар бораи  фаъолияти илмии собиқ мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, поягузори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, доктори илмҳои филология, профессор шодравон Абдулманнони Насриддин сухан кард. Ӯ дар баробари баёни арзишҳои баланди илмии осори устод дар мавриди инсонгариву ахлоқи волои эшон дар заминаи ёддоштҳояш нақлҳои ҷолиб намуд. Сипас Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона дар бораи устод Абдулманнони Насриддин сӯҳбати муассире намуда, бо ашъори ба эшон бахшидаи хеш дар дилҳои ҳозирин эҳсоси муҳаббату садоқатро бедор кард. Доктори илмҳои филология, профессор Фахриддин Насриддинов аз ҳамкорону дӯстон ва шогирдони падари хеш изҳори сипомандӣ намуд ва гуфт, ки хидмат ба илм рисолати азалии мост ва мо идомабахши кори падари хеш ҳастем. Шоира Гулноз шеъре дар васфи устод қироат кард ва шогирдони факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба он идома бахшиданд.
Дар маҳфил меҳмони арҷманд аз шаҳри Душанбе, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов баромад намуда, иттилоъ дод, ки китоби шашҷилдаи “Шашмақом” ва “Фарҳанги истилоҳоти “Шашмақом”  интишор гардид, ки аз падидаҳои ҷолиби фарҳанги маҳсуб мешавад. Дар поёни маҳфил  ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба маърӯзачиён ва фаъолони маҳфил супорида шуд. Маҳфил дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маънавӣ баргузор гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...