19 Ноябр 2016
Фурӯшгоҳи муваққатӣ дар мавзеи «Ситораҳои Хуҷанд» майдони дар буриши хиёбонҳои ба номи Р. Ҳоҷиев ва И Сомонӣ мавҷуд буда, муқаррар гардида, ба шаҳрвандон бештар 20 намуди маҳсулот пешниҳод гардид.
Дар мавзеҳои номбурда деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Б. Ғафуров, Деваштич, Ҷ. Расулов, Ашт, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон маҳсулоти худро бо нархҳои аз 15- то 30 % арзон нисбати бозорҳои маъмулии шаҳр ба фурӯш гузошта, манзури харидорон намуданд.
Бештари харидорон аз имконияти мувофиқ истифода бурда, маҳсулоти ползӣ аз қабили сабзию картошка, шалғаму пиёз, гӯшту биринҷ ва дигар маводи ғизоиро харидорӣ менамуданд.
Назар ба маълумоти шӯъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин фурӯшгоҳ нархи як килограми гӯшт бо нархи 28 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, донаи тухм 65 дирам, сабзӣ аз 50 то 80 дирам, пиёз аз 50 то 90 дирам муқаррар гардида дар маҷмӯъ маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мавзеи «Ситораҳои Хуҷанд» бештар аз 123 тонна, дар майдони буриши хиёбонҳои ба номи Р. Ҳоҷиев ва И. Сомонӣ бошад бештар аз 103 тоннаро ташкил дод.