12 Июн 2013
Директорони мактабҳои санъат Мунира Мансурова, Инъомҷон Мӯъминов, Нуриддин Каримов, Хонаи маданияти № 2 Маҳмудҷон Дадобоев ва мактаби рассомии бачагона Абдурауф Раҳматов бо ҳамроҳии анқариб сад нафар омӯзгорону кормандони муассисаҳои фарҳангӣ бо роҳбарии бевоситаи мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Бахтиёр Қосимов сидқидилона меҳнат карда, ин гӯшаи шаҳрро тозаву обод намуданд.
Воқеан, он рӯз ин мавзеи шаҳр ҳашаргоҳро мемонд, зеро ҳамаи ҷамъомадагон ҷорӯбу бел, каланду сатил ва қайчӣ дар даст мехостанд кореро анҷом диҳанд, то шаҳри хушманзари мо боз ҳам дилҷӯтару зеботар гардад.
Иқдоми хуби фарҳангчиёнро раиси маҳаллаи Сари баланд Сангинбой Ҷӯрабоев бо ҳамроҳии сокинони маҳалла ва мудири қисми тарбиявии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5 Баҳрихон {ошимова бо ҳамроҳии хонандагони мактаб низ хуб истиқбол гирифта, бо меҳнати худ дар тозагии шаҳр саҳм гузоштанд.
Ташаббуси неки фарҳангчиён натиҷаи хуб дод, зеро дар баробари тоза кардани ин гӯшаи шаҳр онҳо нишон доданд, ки ободу зебо нигоҳ доштани макони зист қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад.