26 Сентябр 2016
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз қабл аз баргузории чорабинии асосӣ бо ҳайати меҳмонон аз ин ҷумҳурии ҳамсоя,- муовини раиси шаҳри Ӯш Нурбек Кадырбоев, ҷонишини директор оиди рушди шаҳрдори Ӯш Ильяс Абдыраимов ва роҳбари намояндаи вилояти Ӯш ва шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Суғд Аскаралӣ Мирмаҳмедов мулоқоти корӣ анҷом дод.
Раиси шаҳр барои қабули даъват ва ширкат дар ин рӯзи таърихии мардуми Хуҷанд ба меҳмонон изҳори сипосмандӣ намуд. Таъкид гардид, ки айни замон сатҳи ҳамкорӣ, баъди ба имзо расидани созишномаи бародаршаҳрӣ аз соли 2000 байни ин ду маркази вилоятҳои калонтарини води Фарғона ба сатҳу сифати нав баромаданд.
«Бешак таҳкиму рушди ин ҳамкорӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва созишномаҳои ба имзо расондаи сарони ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя сарчашма гирифта, он сол аз сол бештар мегардад.»
Ҳамчунин ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои имрӯза ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, ҷонибҳо бобати зарурати додани эътибори бештар ба самтҳои ҳамкорӣ аз қабили воридоти маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯш дар бозор, густариши мубодилаи таҷрибаи корӣ байни сохторҳои кабудизоркунию ободонӣ ва табодули барномаю намоишҳои телелевизионҳои маҳаллии ин шаҳрҳо бо мақсади ошноии бештари мардум аз ҳаёти ҳамдигар инчунин рушди сайёҳиро зикр намуданд.
Меҳмонон Раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндагони Хуҷандро баро ширкат дар рӯзи шаҳри Ӯш, ки ҳамсола санаи 5 октябр қайд мегардад, даъват намуданд.
Дар интиҳои сӯхбат Раиси шаҳри Хуҷанд ба меҳмонон китоби мусаввараҳои Хуҷанд ва дигар тӯҳфаҳои хотиравиро бо рамзи шаҳр ва акси мавзеҳои таърихии Хуҷанд, тӯҳфа намуд.
Дар навбати худ муовини раиси шаҳри Ӯш Нурбек Кадырбоев ба шаҳрдори Хуҷанд маҳсули эҷоди рассомони қирғизро бо манзараи Кӯҳи Сулаймон, ки шаҳри Ӯш дар атрофии он ҷойгир аст, тӯҳфа намуданд.