13 Сентябр 2016
Дар арафаи таҷлили ин иди хотирмон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими супоридани ин мукофот баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи ин ҷамъомад муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода шахсони ба ин мукофот лоиқдонисташударо аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд табрик намуда, зикр намуд, ки ин таваҷҷӯҳ бори дигар аз қадршиносии меҳнату саҳми ин нафарони соҳибэътибор аз ҷониби давлату ҳукумат дарак медиҳад. Муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода дар лаҳзаи тантанавӣ ба дорандаи медали «Хизмати шоиста» Ҳайдар Набиев, Корманди шоистаи Тоҷикистон Муборак Негматова, дорандаи ордени «Нишони Фахрӣ» Нарзӣ Ҳаитова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоирова, дорандаи ордени «Ситораи Сурх» Абдумалик Қаҳҳоров ва дигарон 500 сомонӣ мукфотпулии Раиси вилояти Суғдро супорид.