23 Июл 2016
Ин навбат Раиси шаҳри Хуҷанд дар мактаби таҳсилоти умумии №2 бо сокинони маҳаллаи «Бофанда» мулоқот доир намуд.
Дар қисмати муқаддимавии чорабинӣ Шарифзода Шариф Файз аз дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давраи нимсолаи авали соли равон ба ҳозирон маълумоти мухтасар дода, зикр намуд, ки мардуми шаҳр дар баробари кулли сокиноникишвари азизамон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ 25 солагии Истиколияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Дар ин замина мавсуф доири чанд масъалаҳое ки бояд сокинони ин маҳалла дар самти корҳои ободонӣ ва сабзкорию гулзор намудани маҳалла, иштироки фаъолонаи сокинон дар ин амалҳои неку хайр ба анҷом расонанд, таъкид намуд. Аз ҷумла таъмиру ба истифода додани майдончаҳои варзишии назди биноҳои баландошёна, азнавсозии ҷӯйборҳои роҳҳои асосии ҳудуди маҳалла, таъмиру азнавсозии қисми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи ба Аминҷон Шукӯҳӣ то таҷлили ин ҷашн ба масъулин ва фаоъолону кумитаи маҳалла вазифагузорӣ гардид.
Дар идомаи мулоқоти мазкур 4 нафар бошандагони маҳалла доири мусоидати мақомоти маҳаллӣ барои таъмири кӯчаи маҳалла ва таъмири майдончаи варзишӣ инчунин муаммои шиддати пасти неруи барқ дар манзили сокинон дархост пешниҳод намуданд.