(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҳамкориҳои Хуҷанду Нижегородск таҳким меёбад.Дар толори маҷлисҳои «Кохи Рӯдакӣ» бо иштироки соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони соҳибкории вилояти Нижегородски Федератсияи Русия вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва ҷонишини Губернатор, ҷонишини раиси мақомоти ҳокимияти вилояти Нижегородск, вазири саноат, савдо ва соҳибкории вилояти Нижегородски Федератсияи Русия Люлин Евгений Борисович иштирок карданд ва сухан ронданд.
Вохӯриро Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба шаҳри бостонии Хуҷанд хайрамақдам гуфт. Зимни суханрониаш аз дӯстии халқҳои тоҷику рус, аз он ҷумла шаҳри Хуҷанд бо шаҳрҳои вилояти Нижегородск изҳори хушнудӣ карда, зикр сохт, ки халқи тоҷик аз азал мардуми меҳмоннавозу меҳнатқарин ва сулҳҷӯ буду ҳаст. Ҳамчунин, Шариф Шарифзода диққати меҳмононро ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, рушду такомули соҳаи саноати шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла, саноати хӯрокворӣ ва бофандагӣ, рушди соҳаи туризму варзиш ҷалб сохта, барои ҳамкорӣ омода будани худро изҳор намуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ низ оид ба муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои Тоҷикистону Русия, дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ сухан кард.
Ҷонишини Губернатор, ҷонишини раиси мақомоти ҳокимияти вилояти Нижегородск, вазири саноат, савдо ва соҳибкории вилояти Нижегородски Федератсияи Русия Люлин Евгений Борисович оид ба соҳаи саноати мошинасозӣ, тайёрасозӣ, киштисозӣ, саноати кимиёвӣ, радиоэлектроника, соҳаи металлургӣ ва туризм маълумоти муфассал пешниҳод карда, барои ҳамкории минбъда тайёр будани худро баён сохт.
Дар навбати худ соҳибкорони вилояти Нижегородски Федератсияи Русия ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд бо маърӯза ва муаррифии ташкилоту коргоҳҳои худ назди ҳозирин сухан карданд.
Похомов Александр Владиславович, ки муовини сардори марказ-сардори раёсати фурӯши минтақавии ИОМ, ташкилоти «Группа ГАЗ»-и Федератсияи Русия мебошад, оиди ташкилот ва маҳсулоти истеҳсолмекардаи коргоҳаш маълумоти муфассал дод. Аз он ҷумла, иброз намуд, ки «Группа ГАЗ» дар истеҳсоли мошинҳои боркашон, мусофирбар ва микроавтобусҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, дар миқёси Федератсияи Русия яке аз мақомҳои аввалро соҳиб аст. Ин ташкилот дар 8 минтақаи кишвари Русия 13 нуқта дошта, беш аз 40 ҳазор мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ дар онҳо кор мекунад. Агар маҳсулоти дар соли 2013 истеҳсолкардаи ташкилот ба 23 кишвари ҷаҳон содир шуда бошад, дар соли 2015 миқдори кишварҳои содиротӣ 39 ададро ташкил кард. Ташкилот бо беҳтарин заводҳои мошинистеҳсолкунандаи ҷаҳон, аз қабили Шкода, Мерседес-Бенс, Шевролету Волтсваген ҳамкории мустаҳкам дорад. Микроавтобусҳои ин коргоҳ дар номинатсияи «Дурнамои сол -2015» ва «Беҳтарин нақлиёти Русия дар соли 2016» ғолиб омадаанд.
«Группа ГАЗ»- ҳамчунин воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм, аз қабили мошинҳои борбардор, автобусҳои мусофиркашон, микроавтобусҳои боркашон ва мусофирбар, нақлиёти махсуси сохтмонӣ ва хизматрасониро вобаста ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол карда, воситаҳои нақлиётии мазкур ба ҳамаи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Муовини вазири саноат, савдо ва соҳибкории вилояти Нижегородск Сазонов Игорь Гаврилович оид ба соҳаҳои саноати вазнин ва сабуки вилояти Нижегородск муфассал сухан кард. Аз он ҷумла, ба иштирокчиёни вохӯрии мазкур аён гашт, ки вилояти Нижнегордск дар боло рафтани сатҳи иқтисодии Федератсияи Русия саҳми арзанда доранд. Дар ин вилоят 74 фоиз автобус, 46 фоиз нақлиёти калонҳаҷми боркашон, 17 фоиз қубурҳои оҳанин, 15 фоиз маснуоти киштисозӣ, 10 фоизи коғази кишвари Русия истеҳсол гардида, 6 фоиз маҳсулоти нафти ин вилоят коркард мешавад.
Маърӯзачӣ қайд кард, ки дар вилояти Нижнегородск коргоҳи «Лукойл», заводи истеҳсоли метал, техникаи нақлиёти махсус, химияи нафтӣ, саноати тайёрасозӣ, киштисозӣ, саноати атомӣ, саноати радиоэлектронӣ, саноати сабуки ҷангал ва муассисаҳои илмӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик омода ҳастанд.
Соҳибкорони тоҷик, аз қабили муассиси ҶСК «Силкоат-боя», Дадохон Очилов, намояндаи ҶСК «Дӯстӣ Амирхон» Домуллоҷон Ҷабборов, директори ҶСК «Таҷпроф» Ҷамшед Ҷалолов, директори ҶСК «Сатн» Илҳом Бобоев ва чанд тани дигар аз кишвари Русия иҷрокунандаи вазифаи директори шӯъбаи фурӯши ширкати «Группа ГАЗ» Носов Евгений Владиславович, директори генералии ООО «НПО Гидравликаи саноатӣ» Шишулин Юрий Владимирович, директори тиҷоратии ООО «Технологияҳои нави саноатӣ» Румянцев Владимир Никалаевич оид ба маҳсулоти истеҳсолшуда ва нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ ба ҳозирин иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва ҷонишини Раиси вилояти Нижегородски Федератсияи Русия Люлин Евгений Борисович барои дар оянда ҳамкорӣ кардани соҳибкорони тоҷику рус тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, барои боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани дӯстиву ҳамкории халқиятҳояшон ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард, гуфта шуд дар фарҷоми вохӯрӣ.

Мавзуна Ваҳобова

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...