08 Май 2016
Ҳангоми мулоқот ин собиқадорони меҳнату ҷанг аз Раиси шаҳр хоҳиш намуда буданд, ки барои ба итмом расондани сохтмони хонаи истиқоматиашон кӯмак расонад. Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем Шарифзода Шариф Файз ба Идораи сохтмони асосӣ ва Шӯъбаи шаҳрсозию меъмории шаҳр супориш дода буд, ки то таҷлили рӯзҳои Иди Ғалаба оилаи бояд дар хонаи нав ин идро бояд таҷлил намоянд.
Ва инак имрӯз гурӯҳи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Умедахон Муродӣ меҳмони манзили нави оилаи Ахмедовҳо шуданд.
Қориҷон ва Лидия Ахмедовҳо ҳайати меҳмононро ба манзили нави худ даъват намуда барои ин ғамхорӣ ва кӯмаки беғаразона нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуои хайру нек намуда, шукри ин даврону осоиштаи кишварро намуданд.