04 Май 2016
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозорали Одиназода ин мардони қаҳрамонро аз номи Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд,ки имсолу солҳои минбаъда садри маҳфилҳои ҷашнии мардуми шарифи кишвар хоҳанд буд.
Ҳамчунин намояндаи Раиси вилоят Носир Акмолов ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода собиқадоронро бо Иди Ғалаба муборакбод намуда, аз корнамоиҳову қаҳрамониҳои эшон дар майдони набард ва саҳми онҳо дар таъмини ғалаба сухан гуфтанд.
Нафарони зикргардида ба ҳар як собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба миқдори 2000 сомонӣ, аз номи Раиси вилояти Суғд 1000 сомонӣ ва мукофотпулии Раиси шаҳри Хуҷандро ба миқдори 500 сомонӣ тақдим намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сотим Мирзоалиев ба синни мубораки 90 солагӣ қадам ниҳод. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз соҳибҷашнро бо ин санаи фархуда табрик намуд.
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозорали Одиназода, намояндаи Раиси вилоят Носир Акмолов ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода барои аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба манзили истиқоматии онҳо рафтанд.
Баробари табрикоту таманниёти нек кӯмакпулии яквақтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин маводи ғизо супорида шуд.
Дар Хуҷанд айни замон 14 нафар собиқадорони ҶБВ зиндагӣ менамоянд.