23 Март 2016
Дар ин чорабинӣ барандаҳо бо ду забон, забони тоҷикиву русӣ сухан ронда, ҳамагонро бо иди хуҷастапай муборакбод намуданд.
Сипас аз тарафи мураббиёну кӯдакон шеърҳо дар васфи Наврӯзи оламафрӯз бо тоҷикӣ ва русӣ қироат карда шуд. Инчунин барои дар кӯдакон тарбия намудани ҳисси хештаншиносӣ ва огоҳ будан аз анъанаҳои аҷдоди хеш, анъанаҳои миллӣ: «Келинбиёрон» ва «Гавҳорабандон», барои тарбия намудани одоби салом «Келинсалом», бо мақсади шинос намудани кӯдакон бо анъанаҳои баҳорӣ «Бойчечакхонӣ» ва «Суманакпазӣ» намоиш дода шуд.
Тарбиятгирандагон «Рақси гулҳо», «Рақси баҳор», «Рақси шапаракҳо», «Рақси занбурҳо», «Рақси андиҷонӣ», «Рақси гули садбарг» -ро нишон додаанд.
Аз тарафи тарбиятгирандагони гурӯҳи омодагӣ ба мактаб бозиҳои миллӣ ба монанди «Ошуқбозӣ», «Лалакпаронӣ», «Курашгирӣ», «Аловпарак», «Арғамчинкашӣ», «Чиллакбозӣ» ва «Хурӯсҷанг» нишон дода шуд.
Дар чорабинии мазкур волидони муассиса низ фаоълона иштирок намуданд. Пеш аз гузаронидани хушҳолӣ аз тарафи кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистон ҳамаи майдончаҳои полизии муассиса побел карда шуда, гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.