25 Май 2013

Шанбеи гузашта бошад, дар асоси фармони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корҳои ободонӣ идома ёфта, аз ҷониби роҳбарияти шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил - 2013» идома ёфт.
Дар он сокинони кумитаи маҳаллаҳои «Сари баландӣ», «1 май», «Раззоқ», «Масҷиди Сурх», «Сирдарё», донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акадекмик Б.Fафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд, литсейи политехникии №44, Коллеҷи тиббӣ, кормандони беморхонаҳои шараёни дил, физотерапевтии ҷумҳуриявӣ, чойхонаҳои «Сирдарё», «Камоли Хуҷандӣ», «Аҳруллоако», «Баҳори Аҷам», ҶДММ «Боғи Ирам», марказҳои савдои дар ду тарафи дарё ҷойдошта, Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ», нуқтаҳои обкашии КВДК «Хуҷандобуканал» фаъолона иштирок карда, 7200 метр масоҳати ду тарафи дарёро аз алафҳои бегонаю худрӯй ва партовҳои гуногун тоза карданд. Бо ташаббуси шӯъбаи ҳифзи муҳити зист беш аз 70 сотих масоҳати соҳили дарё аз алафҳои бегона (қамиш) тоза карда шуданд.
Умуман дар аксияи «Тозагии соҳил - 2013» беш аз 3000 нафар сокинон ғайратмандона меҳнат карданд.
Он рӯз аз соҳилҳои рӯди Сир 6-7 тонна партов ҷамъ оварда, ба партовгоҳ бурда шуд.