20 Май 2013
Ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади устодону толибилмони мактабҳои миёна ва олӣ доир гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сароғоз дар бобати ғамхориву дастгирии ҷавонон аз ҷониби Президенти кишвар, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят, мeҳтарам Қоҳир Расулзода ибрози назар намуд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 50 нафар ҷавонони фаъол, қобилиятнок ва бомаърифат идрорпулии Раиси шаҳр эҳдо гардид. Бахусус, тибқи низомнома ба 36 нафар хонандагони мактабҳои миёна ба ҳар яке ба андозаи 50 сомонӣ барои ҳар моҳ (ҷамъ, барои 9 моҳ 450 сомонӣ), ба 7 нафар толибилмони коллеҷу литсейҳо ба андозаи 70 сомонӣ барои ҳар моҳ ва ба 7 нафар донишҷeёни донишгоҳу донишкадаҳо ба андозаи 80 сомонӣ барои ҳар моҳ супорида шуд.
Боиси зикр аст, ки имсол гирандагони идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд ба 50 нафар расид, ки ин нисбат ба соли гузашта ба 10 нафар зиёд аст. Маблағи идрор низ ба андозаи 40 фоиз афзудааст.