19 Май 2013
Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба муносибати шукуфтани 80-умин баҳори умри Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, иштирокчии фаъоли Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Баҳриддин Аҳмадов бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва муовини Раиси вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева маҷлиси тантанавӣ барпо гардид. Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, аҳли адиб, намояндагони воситаҳои ахбори омма, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони вилоят, хешу табор ва пайвандони соҳибҷашн ширкат карданд.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов оғоз ёфт. Ӯ нуктаҳои муҳимтарини ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Баҳриддин Аҳмадовро ба забон овард.
Муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева меҳрномаи Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро ба унвони соҳибҷашн қироат карда, ба ӯ умри дарози бобаракат ва дар тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас саҳми бештар назаррас бихост.
Суханронии устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов аз лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташон ёдовар шуда, ӯро инсони доно, ботаҳаммул ва намунакор номид. Гуфт, ки маҳз меҳнати ҳалол ӯро аз ҷамоатчиёни шинохтаю соҳибобрӯ гардонд ва афзуд, ки ӯро ҳар сухан, ҳар қадам ва ҳар амал барои ҳамагон дарс аст.
Профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Усмонҷон Fаффоров ҳам аз авлоди ашхоси машҳур будани Баҳриддин Аҳмадовро ёдовар шуд. Зеро, қиблагоҳи ӯ Нуриддин Аҳмадов аз қабили инсонҳое буд, ки барои таъмини оромию осудагии минтақа дар солҳои аввали ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати шоиста кардаанд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Мӯҳсин Раҳимов, котиби аввали комитети Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдуалӣ Маҳкамов, собиқ муовини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят Муҳаббат Нозимова, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Отабек Раҳимов, ҳамдеҳаи соҳибҷашн, фаъолмарди понғозӣ Яъқуб Ӯрунов низ ба сифати Баҳриддин Аҳмадов, ки барои меҳнатҳои шоёнаш бо ду ордени «Нишони фахрӣ» ва шаш медал тақдиронида шудааст, суханони неку самимӣ ба забон оварданд.
Марди 80-сола Баҳриддин Аҳмадов дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ сухан карда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов барои ташкили чунин маҷлису маҳфил ва суханҳои самимиашон сипос гуфт.