27 Январ 2016
Дар назди аҳли нишаст сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих Осим Каримзода суханронӣ намуда, барои ноил гаштан ба дастовардҳои арзанда ва беҳтар гаштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр маслиҳатҳои судманд дод. Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ баромад карда, ба самъи ҳозирон дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро расонд.
Перомуни аттестатсияи муассисаи таҳсилоти томактабии №13 мутахассиси шуъба Ойниссо Ғафурова суханронӣ кард. Рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» зимни баромади кормандони шуъбаи маориф А.Аслонов ва Р.Муҳаммедова мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов дар назди аҳли нишаст перомуни муҳокимаи қарори мушовараи раёсати маорифи вилоят, омӯзиши тахтаи электронӣ аз тарафи омӯзгорон, гузаронидани Шӯрои педагогӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ятимони кулл, гузаронидани курси омӯзиши низоми ИМД барои омӯзгорон дар мактаби №5 ва ғайра ибрози андеша карда, аз сарварони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал овард, ки дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, сармашқи кори хеш қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҷаҳду талош намоянд.
Дар вазъи тантанавӣ барои фаъолияти пурсамар ва эҷодкориву навоварӣ ба Директори Маркази ТИ ва К. – Шафиев Зафарҷон ва мудири кӯдакистони №13 Олимова Мунира нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.
Нуъмон Раҷабзода