09 Январь 2016
Недоступен ни однин перевод.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва масъулини соҳаҳои мақомоти маҳаллӣ арзу дархости шаҳрвандонро шунида барои баррасии саривақтии онҳо ба мутасаддиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд 11 нафар барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, 7 нафар барои таъмиру сохтмони манзили истиқоматиашон, 5 нафар барои ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва таъмини барқ, ва ғайра муроҷиат намуданд. Ҳамчунин ба Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбари дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов муроҷиат намуда хоҳиш намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирок ва ҳунарнамоии дастаи ҳозирҷавобон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия кӯмак намояд. Раҷаббой Аҳмадзода барои баррасии ин масъала ба масъулин супориш дод.







