06 Январ 2016
Дар доираи қарори мазкур пешбинӣ мешавад, ки барномаи «Роҳҳои обод» идома дода шуда, дар маркази вилоят теъдоди мавзеҳои фарҳангӣ фароғатӣ, кӯчаю хиёбонҳои сабзпӯшу гулпӯшгардида бештар хоҳанд шуд.
Бо дастури Раисишаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр бояд баҳри сари вақт иҷро гаштани қарори номбурда нақшаи корӣ ва чорабиниҳои дахлдоррро омода ва тасдиқ намоянд. Ҳамчунин тибқи қарори номбурда нақшаи мукаммали корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар минтақаҳои аҳолинишин ва саноатӣ таҳия гардида, бобати корҳои ба сомон расида дар мӯҳлати муқарраргардида натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.