22 Декабр 2015
«Имрӯз сиёсати энергетики давлату ҳукумат бо роҳбарии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо марҳила ба марҳила ба истиқлолияти энергетикӣ расида истодааст. Амалишавии чандин лоиҳаи соҳаи энергетики кишвар ва аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода додани зеристгоҳи барқии «Ваҳдат» бо иштироки сарвари кишвар, тадбиқи лоиҳаи паст намудани талафоти нерӯ дар маркази вилоят делели гуфтаҳои болост.»- қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд дар суханони табрикотии худ. Дар лаҳзаи тантанавӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба 8 нафар кормандони идораи Шабакаҳои барқи шаҳр Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро супорид.
Ҳамчунин бахшида ба иди касбии худ барқчиёни шаҳр,собиқадорони соҳа бо Ифтихорнома, тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетика, Кумитаи вилоятӣ ва шаҳрии Ҳизби халқӣ демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гаштанд.