08 Май 2013
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Fалаба таҳти унвони «Ном ва кори онҳо абадист» бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯрӣ доир гардид. Чорабиниро директори осорхона Мансурҷон Бойматов оғоз кард.
Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Ҳошим Осимов меҳрубониҳое, ки аз ҷониби Президенти кишвар, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр нисбат ба иштирокчиён ва меҳнаткашони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир менамоянд, ҳарфҳои меҳр ба забон овард.
Толибилмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 27 бо барномаи ҷолиби адабию мусиқӣ чорабиниро боз ҳам шукӯҳманд гардониданд.