10 Сентябр 2015
Бо ворид гардидани Парчами давлати ва садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанави ҳусни оғоз гирифт. Нахуст сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо сухани табрики баромад намуда, аз рӯзҳои аввалин ва вазнини бадастоварии Истиқлолияти давлати, ҷонбозиҳои кормандони милитсия дар ҳифзи соҳибистиқлоли, таъмини амният ва тартиботии ҷамъиятии он солҳо ҳарф зад. Сипас намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикии Раиси вилоятро қироат намуда ба 4 нафар кормандони пешкадам тӯҳфаҳоро аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тақдим намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сухани табрикоти баромад намуда ҳайати шахсии мақомотро ба муносибати ҷашни миллӣ табрик намуд. Зимни суханрониаш аз кушодшавии як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили ғоратгари ва кушторҳои солҳои пеш ёдовар гардида ба як қатор кормандони милитсия, ки дар кушодашавии ҷиноятҳои мазкур саҳм гузоштанд сипосномаву тӯҳфаҳои моли ва роххат ба осоишгоҳҳо тақдим намуд.
Ба муносибати 24 солагии Истиқлолияти миллӣ аз тарафи ВКД ва Рёсати он дар вилояти Суғд низ як қатор фармонҳо оиди қадршиносии меҳнатҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ба имзо расид, ки ин навбат низ кормандони мақомот соҳиби рутбаҳои навбати, медалу орден ва сипосномаву тӯҳфаҳои моли гардиданд.