06 Май 2013
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода чанде қабл дар гимназияи рақами 24-уми шаҳри Хуҷанд синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти таълимии ҳарбӣ пешниҳоди машғулиятҳои устодону шогирдон гардида, ба роҳбарияти шаҳр супориш дода шуда буд, ки ин навъ синфхонаҳо дар макотиби дигар низ кушода шаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар рӯзи ба истифода додани синфхонаҳо дар ин ду макони илму маърифат худ бевосита иштирок намуда, ин иқдоми наҷибро қадаме дар ҷодаи пурзӯр кардани тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандустӣ номид.
Минбаъд устодон ва мактабиён, хонандагони синфҳои болоӣ метавонанд бо истифода аз лавозимоти таълимии ҳарбӣ машғулиятҳоро аз фанни «Омодагии дифои ҳарбӣ» беҳтару манфиатовар гузаронанд.