13 Август 2015
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи ҳавзаи интихоботии мазкур силсилаи мулоқоту вохӯриҳо бо номзадҳои сабтшуда оғоз ёфт.
Мулоқоти нахустини интихобкунандагон дар мактаби таҳсилоти умумии № 3 маркази вилоят бо номзадҳои вакили маҷлиси вилоятӣ, Гулбаҳор Маҳкамова ва Хайём Турсунов баргузор гардид.
Баъди ифтитоҳи вохӯрӣ аз ҷониби раиси ҳавзаи интихоботии № 5 номзадҳои зикргардида ба ҳозирон барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуданд. Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов доири ҳаёту фаъолияти номзадҳое, ки аз ҳизби зикргардида маълумот дода, даъват намуд, ки ба шахсони арзанда рӯзи интихобот овоз диҳанд.
Аз ҷониби интихобкунандагон чанд дархост пешниҳод гардид, ки номзадҳо доири он андешаҳои худро баён намуданд.