06 Май 2013
Недоступен ни однин перевод.
Бо ҳадафи тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси ниёгон дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-уми шаҳри Хуҷанд «Дарси шуҷоат» дар мавзӯи «Мо тозабаҳори гулнисори Ватанем» гузаронида шуд.
Дар рафти «Дарси шуҷоат» толибилмон дар бобати корнамоиҳои беназири халқи тоҷик дар солҳои мудҳиши ҷанг саволҳо дода, аз Раиси шаҳр ва иштирокчиёни набард ҷавобҳои қаноатбахш гирфтанд.
Дар фарҷом ба талабагони фаъол ва устодони пешсаф тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахусус, китобҳои таърихи ҶБВ тақдим карда шуданд.