05 Май 2013
Паёми ирсолгардидаи Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.04.2013) воқеан, асоси рушду нумӯи ҷомеа ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб мешавад.
Бо мақсади фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти кишвар ба шаҳрвандони Хуҷанд давоми як ҳафта аст, ки вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов бо кормандони соҳоти мухталиф ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр гузаронида мешавад.
То ба имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодӣ бо коркунони соҳаи саноат ва энергетика, дар бахши Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иқтисодчиёну молиячиён, дар ҶММ «Ҷавонӣ» бо кормандони саноати сабук, дар КВДК «Хуҷандобуканал» бо намояндагони ин соҳа, дар МТМУ №12 бо намояндагони маҳаллаҳои шаҳр вохӯриҳои вакил Д.Ҷабборов баргузор гардид.Дар вохӯриву мулоқот нуктаҳои муҳими Паём ҳамаҷониба шарҳу эзоҳ дода шуда, мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ ва сабзкориву бунёдкорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят кард шуданд.
Зикр гардид, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат дар ҳақиқат ба некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, баҳри ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳад кард.