29 Июл 2015
Аз ҷумла Солеҳхӯҷа Дадохӯҷаев дар мавриди иҷозати бозсозии бинои истиқоматӣ, собиқадори милиса Фирдавс Қаҳҳоров бобати дастгирии моддӣ, Ғафуров Туйчибой ва Даврон Абдуғаффоров барои баррасии навбати гирифтани қитъаи замин, Нигора Ахмедова бобати мусоидати муқаррар намудани гурӯҳи маюбӣ муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин Фарангис Исмоилова ба Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳод намуд, ки дар муассисаҳои иҷтимоии таълимӣ барои кӯдакони маюб синфҳои таълимии ибтидоӣ ташкил карда шавад. Зеро баъди ба синни мактаби расидани кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ғайр аз таълимоти хонагӣ, ташкили синфҳои махсус бо истифодаи усули хоси таълимӣ барои фароҳам овардани муҳити созгор ба онҳо, аз манифат холӣ нест. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои баррасӣ ва омода намудани пешниҳод доири ин масъала ба мутасаддиён дастур дод.