21 Июл 2015
Давоми чанд рӯз аст, ки 42 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуди Хона интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор дар Маркази ҷумҳуриявии солимгардонии физиотерапевтӣ ба истироҳату муолиҷа фаро гирифта шудаанд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз бошад ба ин кӯдакон ва наврасон дастурхони хайриявӣ ташкил карда шуд. Дар тарабхонаи «Камоли орзу» тамоми баробари ташкили хӯроки нисфирӯзӣ, барномаи консертии ҷолиб бо роҳбарии ҳунарманди маъруф Ҳасан Камол пешкаш карда шуд.
Ба тамоми наврасон ҳамчунин сарулибос, пойафзол ва дигар пӯшокаҳои рӯзмарра такдим карда шуд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кули кӯдакону наврасонро хайрамақдам гуфта, ба онҳо истироҳати хугу рӯзҳои пурфарғатро дар шаҳри соҳили дарёи Сир орзу намуд.
Бегоҳии ҳамин рӯз ҳамчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» барои кӯдакону наврасони Хона-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус атраксионҳои дилхушкунанда ройгон ташкил карда шуда, барои онҳо хӯроки шом ташкил карда хоҳад шуд.