14 Июл 2015
Иди саиди Фитрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кулли ҳамдиёрони арҷманд муборакбод гуфта, имону ибодати комил, рӯзгори обод ва неъмати фаровонро таманно менамоям.
Бигузор, аз файзи моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр Ватани азизамон Тоҷикистон доимо ободу дар амон бошад ва бо дуои неки пирони хирад худованди бузург мардумонашро некрӯзу сарбаланд ва фарзандонашро арҷгузори миллат гардонад.
Дар суханрониҳои Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷаннати воқеии рӯи замин ва мардумонаш покнаҷоду боимонанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки намозу ибодати аҳли диёр чун ворисон ва пайравони мазҳаби фарзанди фарзонаи миллат Абӯҳанифа Имоми Аъзам ҳамешагӣ намози шукронаву садоқат ба Ватан ва саодати ҷомеа хоҳад буд. Зеро танҳо бо орзуи хушбахтии халқ ва хизмати содиқона ба нафъи ҷамъият ҳар фард метавонад бар маснади бузургиву шукӯҳ, хонаободӣ ва муҳаббати илоҳӣ мушарраф гардад. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад.
Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар арафаи ин моҳи мушарраф бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги исломӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ боз ҳам устувортар намудани вазъи мӯътадили сиёсиву иҷтимоӣ мулоқоти судбахшу таърихӣ ороста таъкид доштанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои иҷро кардани талаботи ислом ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Дар робита ба ин мардуми шукргузори шаҳрамон ин иқдоми Сарвари давлатамонро нек арзёбӣ намуда, баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоихоҳ аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри расидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи Сарвари мамлакат дар самти ободиву равнақи Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.
Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст. Чун анъана дар рӯзҳои моҳи табаррук дастгирии мӯҳтоҷону ниёзмандон дар шаҳр дар сатҳи баланд қарор дошт. Таваҷҷӯҳу щамхорӣ нисбати ятимону беморон ва бепарасторон бештар буд.
Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҳам соҳибкорони саховатпеша дар ин бобат хислатҳои наҷиби ҷавонмардӣ нишон доданд. Ҳамзамон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоятамон, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ самти ободонии масчиду оромгоҳҳо бо доир намудани шанбегиву ҳашарҳои умумишаҳрӣ вусъат дода шуда, садҳо ҳамдёрони арҷмандамон дар радифи маюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат кӯдакони ятиму бепарасторон бо маводҳои хӯрокаву кӯмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифтаанд.
Умедвори онам, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамдигар, раҳму шафқат ба дардмандону нотавонон, щамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон ва ба ҷо овардани ҳурмату иззати онҳо, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ, сабру тамкин, муросову мадоро, сипосгузорӣ ва қадршиносиро амали ҳаррӯзаи зиндагии худ месозед.
Аз Худованди мутаол ба ҳамаи Шумо сулҳу салоҳ, рӯзгори орому осуда, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу баракатро орзумандам.
Иди саид муборак, ҳамшаҳриёни азиз!